Касса кушоед ё MySafar-ро ба агентии амалкунандаи худ пайваст кунед. Парвоз меҷӯед, брон мекунед, чипта менависед — ҳама дар як дашборд. Комиссия аз ҳар фурӯш — аз они Шумо.
На сайт лозим, на барномасоз, на шартнома бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Мизоҷро Шумо меоред — низомро мо медиҳем.
Се самт
Авиакасса — дашборди тайёр
Пас аз бастани шартнома дастрасӣ мекушоем. Парвоз меҷӯед, брон мекунед, чипта менависед, дар ҳолати зарурӣ бармегардонед. Чизе насб ва таҳия кардан лозим нест — браузер ва интернет кифоя аст. Операторҳои Шуморо меомӯзонем, комиссияро вобаста ба ҳаҷми фурӯш мувофиқа мекунем.
Шарики API — пайвастан ба платформаи худ
Агар сайт ё барнома дошта бошед, чиптаро дар интерфейси худ мефурӯшед. Калиди API, sandbox, webhook ва ҳуҷҷатҳо — аз ҷониби мо. Ҳангоми интегратсия муҳандисони мо дар тамос хоҳанд буд. API дар баробари дашборд низ кор мекунад.
Бизнес — тарифи корпоративӣ
Барои сафари корӣ дигар ҳар дафъа агент намеҷӯед. Нархҳои корпоративӣ, пардохт аз рӯи ҳисоб, ҳисоботи хароҷот ва менеҷери шахсӣ.
Барои кӣ мувофиқ аст
Навшурӯъкунандагон
Офис ё нуқтаи фурӯш доред ва мехоҳед чиптаи ҳавопайморо ҳамчун хизмати нав илова кунед. Сармоягузории ибтидоӣ лозим нест.
Агентиҳои амалкунанда
Бо якчанд таъминкунанда кор мекунед, аммо самтҳо ё комиссия кифоя нест. Моро ҳамчун канали параллелӣ пайваст карда, муқоиса кунед.
Дорандагони платформаи худ
Сайт, барнома ё бот доред — ва мехоҳед чиптаи ҳавопайморо ба ассортимент илова кунед. API маҳз барои ҳамин аст.
Дархост гузоред